маркази милли тести что

Маркази милли тести что

Душанбе, 18-уми январи соли 2021

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести чтоМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад. Муфассал.

ИМТИҲОНИ ОЗМОИШӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО БАРОИ ЯТИМОН ВА БЕПАРАСТОРОН

Душанбе, 25-уми декабри соли 2020

Бо мақсади фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда ба имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-ум то 29-уми декабри соли ҷорӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои мазкур баргузор хоҳад шуд. Муфассал.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲБАРИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 25-уми декабри соли 2020

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ

Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (38 ҷой);

Муҳлат: 48 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 6 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 3 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, н. Спитамен – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Қубодиён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.

Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (2 ҷой);

Муҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);

Макони иҷрои вазифа: н. Айнӣ – 1 нафар, н. Мастчоҳ – 1 нафар.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ЁВАРИ РОҲБАРИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 25-уми декабри соли 2020

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ

Мансаб: ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (38 ҷой);

Муҳлат: 48 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 6 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 3 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, н. Спитамен – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Қубодиён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ БАҚАЙДГИРАНДАИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 25-уми декабри соли 2020

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (138 ҷой);

Муҳлат: 35 рӯз (аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, ш. Ваҳдат – 4 нафар, ш. Турсунзода – 4 нафар, ш. Ҳисор – 4 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Бохтар – 12 нафар, ш. Кӯлоб – 10 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ – 2 нафар, н. Ашт – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, н. Деваштич – 2 нафар, н. Спитамен – 2 нафар, н. А. Ҷомӣ – 2 нафар, н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Ёвон – 4 нафар, н. Панҷ – 2 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Қубодиён – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар.

Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (4 ҷой);

Муҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2021 бо имкони тамдид);

Макони иҷрои вазифа: н. Айнӣ – 2 нафар, н. Мастчоҳ – 2 нафар.

ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Душанбе, 16-уми декабри соли 2020

Аз 15-ум то 17-уми декабри соли ҷорӣ дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон барои 5464 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Муфассал.

ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, РАШТ, СУҒД

Душанбе, 8-уми декабри соли 2020

Аз 8-ум то 10-уми декабри соли ҷорӣ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (аз ҷумла, дар 3 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва 17 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд) барои 5255 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Муфассал.

Источник

Маркази миллии тести

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон (ММТНПЧТ) бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон № 138 аз 10-уми феврали соли 2014 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тести” таъсис дода шудааст.

ВАЗИФАХОИ АСОСИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

САМТХОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ХАМКОРИХОИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ММТНПЧТ барои амали намудани ташкил ва баргузории ИМД бо Вазоратхои дахлдори Чумхурии Точикистон, Академияи тахсилоти Чумхурии Точикистон, Муассисахои тахсилоти олии касби ва муассисахои тахсилоти миёнаи умуми робитаи қави дошта, бо ташкилотхои байналмилалии зерин хамкории мустахкам дорад:

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

САВОЛХОИ БТАРИ МАРБУТА

Низоми имтихонхои марказонидашудаи дохилшави

Дохилшави ба донишгох ва донишкадахои чумхури бо шаклу низом ва тартибу талаботи муайян амали мегардад. Дар хар мамлакат низоми муайяни тартиби кабули довталабон аз чониби хукумати он мукаррар мегардад. Дар Чумхурии Точикистон имруз, асосан, он низоми имтихонсупори ва кабул ба муассисахои тахсилоти олии касби (МТОК) истифода бурда мешавад, ки дар давраи совети кабул шуда буд.

Дар МТОК хангоми кабули донишчуён аз усулхои муосир як намуди тест [1] маъмул аст. Хамзамон, довталаб танхо як МТОК ва як тахассусро интихоб карда, танхо дар он муассисаи таълими хуччатхои худро супорида метавонад.

Дар баробари ин, боадолатии бахогузори, меъёри бахогузори, дастраси ба хукуки тахсили ройгон ва шаффофияти бахогузори аксаран аз чониби довталабон мавриди шубха ва норозиги карор мегирад.

Мутобики талаботи меъёрхои байналмилалии муосир ба савияи дониши мухассилини МТОК ва таъмини шароит чихати иштироки Чумхурии Точикистон дар барномахои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон Низоми имтихонхои марказонидашудаи дохилшави (ИМД) ба МТОК тахия гардид. Дар асоси он дар шахрхои чумхури марказхои имтихонсупори таъсис дода мешавад. Ташкили ин марказхо имкон медихад, ки довталаб дар маркази бакайдгирии ба макони зист наздик ва ё бо хохиши худ ба дигар марказхои бакайдгири хуччатхояшро супорад. Бо ин рох довталаб аз масрафхои зиёди рох ва вакт озод мегардад. Дар ин маврид, яке аз принсипхои асосии низоми марказонидашудаи дохилшави – интихоби васеъ риоя мегардад.

Хангоми сабти ном дар нуктахои бакайдгири шарти дигари мухими ин низом – махфияти маълумотхои шахси риоя мегардад. Тамоми маълумот дар бораи довталаб, вакти бакайдгири, такдими даъватнома, рузи имтихону натичахои он ва ба кадом МТОК дохил гардидани у комилан махфуз мебошад.

Истифодаи низоми миллии тести хангоми ИМД амали гардидани принсипимувофикатро имконпазир менамояд. Ба ин тарик мувофикати саволномахову супоришхои тести ва талаботи корхои хатти ба барномахои таълимии мактабхои тахсилоти миёнаи умуми аз чониби ММТ кафолат дода мешавад.

Макоми шахс дар амали гардидани хар як икдом хеле мухим мебошад. Аз махорат, донишу малакаи у натичаи нихоии кор вобаста аст. Бо максади ичро намудани принсипи касбимутахассисони баландихтисосу пуртачриба ба кор чалб шудаанд.

Чихати бартараф намудани ходисахои номатлуб хангоми кабули довталабон ба МТОК ва таъсири одам ба раванди он низоми ИМД аз ибтидо то интихо тавассути компютер амали мегардад. Штрих-кодгузории рамзхо, санчиш, бахогузори, натичаи имтихонхо ва афзалияти интихоби тахассус ва МТОК комилан бар зиммаи барномахои компютери мебошад.

Татбики низоми ИМД ба МТОК кадами устувор дар амали намудани раванди рушди маориф, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисону донишчуёни кишвар ва муайян намудани сатхи дониши муассисахои тахсилоти миёнаи умуми (МТМУ) хохад гашт.

Источник

Донишҷӯ шудан мехоҳед: Ба саволҳои шумо оиди бақайдгирӣ дар ММТ ҷавоб медиҳем

Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 марти соли 2021 оғоз кард.

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 марти соли 2021 оғоз кард. Довталабонро лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро омода карда, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздик ба макони зист худро ба қайд гиранд.

Your.tj ба саволҳои нафароне, ки оиди бақайдгирӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ маълумот надоранд ҷавоб омода намудааст.

Довтлаб дар куҷо ва чӣ тавр худро ба қайд гирифта метавонад?

– Имсол дар 34 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури 40 нуқтаи бақайдгирӣ ва 25 нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ташкил карда шудааст. Дар дилхоҳ нуқтаи бақайдгирӣ довталабон метавонанд худро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба қайд гиранд(беҳтараш нуқтаи бақайдгирии ба макони зистатон наздикро интихоб намоед). Рӯйихати марказҳои бақайдгириро метавонед дар ин ҷо бубинед.

Барои бақайдгирӣ чӣ хел ҳуҷҷатҳо лозим?

– Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои бақайдгирӣ инҳо мебошанд:

1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст.

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (маълумотнома аз муассисаҳои таълимӣ ё ибтидоию миёнаи касбӣ, аттестат дар бораи хатми муассиса, диплом бо замимааш агар таҳсилоти касбиро гузашта бошед);

3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои БДА “Амонатбонк”;

4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад):

– маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб;

– хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо – барои ятимони кулли то 21-сола;

Бақайдгирӣ то кай давом мекунад?

– Бақайдгирӣ аз 1 марти соли 2021 оғоз шуда то 15 апрел идома меёбад.

Арзиши хизматрасонии марказ чанд сомониро ташкил медиҳад?

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2021 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон ва вобаста аз зинаи таҳсилоти шахси номнависшаванда чунин муқаррар гардидааст:

– 240 сомонӣ– барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

– 180 сомонӣ– барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум);

– 25 сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалӣ.

Ба киҳо дар пардохти маблағ имтиёз дода мешавад?

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1. Шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;

2. шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:

– шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

– маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 90 сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, он гоҳ 120 сомонӣ пардохт мекунад.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Маблағро чӣ тавр пардохт кардан мумкин?

Имсол довталабон имкони пардохти маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонии “Амонатбонк”, инчунин воситаҳои электронӣ доранд.

Вобаста ба ин, хоҳишманди иштирок дар ИМД-2021 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Оё шахсоне, ки ба ягон намуди беморӣ гирифтор бошанд, дар дилхоҳ донишгоҳ таҳсил карда метавонанд?

Мамнуъияти таҳсил аз сабаби беморӣ, танҳо барои довталабони муассисаҳои таълимии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Бо номгӯи бемориҳо метавонед дар ин ҷо шинос шавед.

Дар хотир дошта бошед, ки агар Шумо бали гузаришро соҳиб шуда бошед, вале гирифтори яке аз ин бемориҳои дар рӯйхат бошед, муассисаи таълимӣ Шуморо қабул намекунад.

Агар то 15 апрел худро ба қайд гирифта натавонем чӣ кор бояд кард?

Марказ барои онҳое, ки ҳангоми марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 15‑уми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар хизмати ҳарбӣ мекарданд, аз 10-ум то 30-юми июн марҳалаи иловагии бақайдгириро дар нуқтаҳои бақайдгирии муайянкардаи худ ба роҳ мемонад.

Мехоҳам ихтисосҳоямро иваз намоям, чӣ кор кунам?

Довталабе, ки мехоҳад ихтисосҳояшро иваз намояд, метавонад дар марҳилаи аз навбақайдгирӣ худро аз нав бақайд гирад.

Арзиши таҳсил дар донишгоҳҳо чӣ қадар аст?

Арзиши таҳсил дар қисми зиёди коллеҷу донгишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамасола тағйир меёбад. Имсол ҳам арзиши шартномаи баъзе муассисаҳо тағйир ёфтаанд. Арзиши таҳсил Шумо метавонед ҳангоми интихоби ихтисос аз роҳнамои довталаб дарёфт намоед.

Инчунин нархи таҳсилро метавонед, дар шаклии электронии “Роҳнамои довталаб-2021” муаян кунед.

Источник

Маркази миллии тестӣ: Натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар ИМД дар соли 2021 эълон гардиданд

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар озмуни тақсимоти такрорӣ шахсони зерин: довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштанд ва довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил кардан надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, иштирок намуданд.

Маркази милли тестӣ барои ҳар довталабе, ки ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз нав худро сабти ном кардааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушодааст. Кабинетҳои инфиродии довталабон низ 18 август фаъол карда шуданд. Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) фиристода шуд.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ё комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида муроҷиат карда натавонистан бояд дар ин хусус роҳбарияти муассисаи мазкурро тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Дар сурати то 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардан ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Источник

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саволҳои худро тариқи тугмаи «Предложить новость» ба мо ирсол намоед. Мо ба онҳо ҳатман ҷавоб хоҳем гуфт!

Саволҳое, ки ба марказ дахолате надоранд бе ҷавоб рад карда мешаванд

Инчунин, довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – office@ntc.tj низ пешниҳод намоянд.

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2020

Показать полностью.
Имрӯз, 24-уми июли соли 2020, натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 эълон карда шуд.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
— танҳо қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— танҳо қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— ду субтести аввали қисми А ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— қисмҳои А ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки қисми В-ро барои санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаю маҳорати махсуси довталаб аз ихтисосҳои самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва дин худи муассисаиҳои таълимии дахлдор баргузор кардаанд.

Инчунин, қисми Г-ро довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (“Г.1”) ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (“Г.2”) интихобкарда супоридаанд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси дар рӯйхати интихобҳояш аз 1-ум поён ҷойгиршуда интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш ба ғайр аз комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида барои комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-и аз рӯйи он(ҳо) комёбнагардида низ бали гузариш нишон дода мешавад (яъне, аз комбинатсияи ихтисоси 1-ум то комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбшуда). Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттар (яъне, дар рӯйхати интихобҳо дар поёнтар ҷойгиршуда)-и довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:
1.“№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 05.08.2020 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед!”
2.“№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 10 то 13 августи соли 2020 аз нав аз қайд гузаред.”

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

ФЕҲРИСТИ ИХТИСОСҲО ВА ФАНҲОИ МУВОФИҚАТКУНАНДАИ ОЛИМПИАДАҲО

Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ имтиёз дода мешавад (донишгоҳу донишкадаҳо) – замимаи 1

Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ имтиёз дода мешавад (коллеҷҳо) – замимаи 2

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

ФЕҲРИСТҲОИ ИХТИСОСҲО ТИБҚИ ГУРӮҲҲОИ ИХТИСОСҲО ВА ШУМОРАИ ИМКОНПАЗИРИ ҲАДДИ АКСАРИ БАЛҲО АЗ ҲАР СУБТЕСТИ ҚИСМҲОИ А ВА Б БАРОИ ҲАР ИХТИСОС

Феҳристи ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) барои ҳар ихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) – замима бо номи «феҳристи ихтисосҳо (2)»

Феҳристи ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) барои ҳар ихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) – замима бо номи «феҳристи ихтисосҳо (3)»

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

Қисми А. Имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум (5 замима).
Қисми Б. Имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум (5 замима).

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2020

Имрӯз, 19-уми июли соли 2020, натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 эълон карда шуд.
Показать полностью.

Тавре ки маълум аст, ҳаҷми маълумот дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб бо дарназардошти субтестҳо ва қисмҳои дахлдори супоридаи довталаб, роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ (аз ҷумла, сабаби роҳ наёфтан – соҳиб нашудан ба холи гузариш аз як ё якчанд субтест ё ягон қисми имтиҳон), бали бадастоварда аз рӯйи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкарда, бали имтиёзӣ (агар дошта бошад) ва ғайра калон аст. Аз ин лиҳоз, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:
1) рақами назоратии довталаб;
2) рақами даъватнома;
3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), инчунин қисм(ҳо)-и В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо);
4) ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб. Матни ин қисм вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот дар яке аз шаклҳои зерин буда метавонад:
— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД. Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ”–барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ”– барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигариинтихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ”– барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 ва қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат ва филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

— “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат, филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 ва қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
ХОЛҲОИ ГУЗАРИШИ ФАННӢ ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июли соли 2020, № 1878 холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо) аз ҳар субтести қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соли 2020 ба даст овардани онҳо зарур аст, муқаррар гардиданд.

Дар ҷадвали 1-ум холҳои гузариш аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва дар ҷадвали 2-юм холҳои гузариш аз субтестҳои қисми Б(имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) вобаста аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо нишон дода шудаанд.

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад
Показать полностью.

Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) барои дастовардҳои довталабон, аз ҷумла ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст.

Имтиёз ба довталабони дахлдор мувофиқи «Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2016, № 3839 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми ноябри соли 2016, № 832 қайд шудааст, дода мешавад.

Мувофиқи тартиби мазкур яке аз шартҳои додани имтиёз ба довталаби дорои дастовард мувофиқати дастоварди ӯ ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардааш аст. Аз ҷумла, ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб ба фанни олимпиада мувофиқат намояд.

Вобаста ба ин, масалан, ҳарчанд фанни география яке аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бошад ҳам, он на барои ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм фанни асосии имтиҳонӣ аст. Яъне, ба ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз фанни география на аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм имтиёз дода мешавад, балки ин дастовард танҳо барои ихтисосҳои зерин ба назар гирифта мешавад:
*ҷадвали 1*

Инчунин, масалан, ҳарчанд фанни физика яке аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биоогия ва варзиш) бошад ҳам, он барои ихтисосҳои ин гурӯҳ фанни асосии имтиҳонӣ нест, ба истиснои ихтисосҳои 2800151 – “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, 2810242 – “Ташхис ва табобати нурӣ” ва 131040309 – “Электроникаи тиббӣ”. Аз ин лиҳоз, ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз фанни физика танҳо барои ихтисосҳои зерини гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум ба назар гирифта мешавад: 2800151 – “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, 2810242 – “Ташхис ва табобати нурӣ”, 040302– “Химия, физика ва механикаи мавод” ва 131040309 – “Электроникаи тиббӣ”.

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳонҳои ӯ гузошташуда дода шудааст.
Показать полностью. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумииа асосӣ – синфи 9-ум) дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 19-ум то 21-уми июл дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғу Панҷакент ва ноҳияи Рашт ва муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаби аризадода гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошад, аризааш барои баррасӣ қабул карда намешавад. КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛИ НАМЕРАСИДАРО НАДОРАД.

Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро баррасӣ карда, довталабонро аз натиҷаи баррасии аризаҳояшон огоҳ менамояд.

Тибқи натиҷаҳои баррасии аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз холҳои гузошташуда дар ИМД комиссияи апеллятсионӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
1) аризаи апеллятсионии довталаб рад ва холҳои гузошташуда бе тағйир монда шавад;
2) аризаи апеллятсионии довталаб қонеъ ва холҳои гузошташуда тағйир дода шавад.

Бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар ҳолате барои баррасӣ қабул карда мешавад, ки агар довталаб маълум намояд:
— холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда нодуруст ҳисоб карда шудааст;
— савол ё масъалаи тест (а) беш аз як ҷавоби дуруст дорад, (б) ҳал ё ҷавоби дуруст надорад;
— варақаи ҷавобҳои дар кабинети инфиродии ӯ гузошташуда ба ӯ тааллуқ надорад.

Шартҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ инҳоянд:
— довталаб бояд бо истифода аз нусхаи варақаи ҷавобҳои дар кабинети инфиродияш гузошташуда ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст), ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, холҳои бадастовардаашро ҳисоб ва бо холҳои барои имтиҳон ба ӯ гузоштаи Марказ муқоиса намуда, маълум кунад, ки холҳои барои имтиҳон ба ӯ гузоштаи Марказ нодуруст ҳисоб карда шудааст;
— навиштани ариза дар шакли муқарраргардида ва пурраю дақиқ нишон додани маълумоти зарурӣ;
— овардани далелҳои мушаххас дар бораи номувофиқатии холҳои шахсан ҳисобкардаи довталаб бо холҳои тибқи натиҷаҳои коркарди варақаи ҷавобҳо гузоштаи Марказ.

Ҳангоми пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ бо худ шиноснома ва нусхаи варақаи ҷавобҳоро доштани довталаб зарур аст.

Аризаҳои апеллятсионие, ки бе риояи шартҳои асосӣ, бе яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло қайдшуда ё пас аз муҳлати муқарраргардида пешниҳод мегарданд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.

Вобаста ба пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани шакли ариза маълумоти заруриро дақиқ ва хоно қайд намуда, танҳо он бахшеро пур кунанд, ки ба довталаб дахл дорад (бахши “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад.”), зеро шакли аризаи апеллятсиониро дурусту бехато ва хоно пур кардани довталаб худ як навъ нишондиҳандаи босаводии ӯст.

Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб шаффоф баррасӣ шуда, комиссияи апеллятсионӣ одилона қарор мебарорад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дур метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро( http://ntc.tj/images/Downloads/shakli_appelatsiya_202.. ) аз сомонаи Марказ дарёфт карда чоп намоянд ва пас аз пур кардани он ба дафтар (офис)-и асосии Марказ наомада, ба воситаи почтаи электронии office@ntc.tj, бахшҳои минтақавии Марказ ё бо намояндаи худ ба комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод намоянд.

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ

Хотиррасон менамоем, ки ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тестии Қисми А ва Қисми Б дар сомонаи Марказ нашр кардан шудаанд.

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

маркази милли тести что. Смотреть фото маркази милли тести что. Смотреть картинку маркази милли тести что. Картинка про маркази милли тести что. Фото маркази милли тести что

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ запись закреплена

TJ:
КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо,
Показать полностью. вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад.

Дар ҷадвали 1 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Дар ҳар ду ҷадвал бо мақсади муқоиса коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар тибқи тарҳи пешин ва аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар тибқи тарҳи нав оварда шудааст.

Тавре ки маълум аст, тибқи тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ду қисми имтиҳони тавассути Марказ гузаронидашаванда – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) пешбинӣ гардида буд, ки коэффитсиент ба бали аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабе илова карда мешуд, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, довталаб дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) ба 300 баробар буд.

Тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони мазкур тавассути Марказ танҳо як қисми имтиҳон – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) гузаронида мешавад, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ин қисм ба 500 баробар аст.

Вобаста ба ин, тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ коэффитсиент ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.

Масалан, агар довталаб, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии ноҳияи Файзобод (коэффитсиенти муқарраршуда тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои он – 1,03) буда, дар ҳамин ноҳия истиқомат мекунад, аз қисми А ба 400 бал (яъне, 80 % аз 500 бали имконпазири ҳадди аксар) соҳиб шуда бошад, бали умумияш бо илова шудани коэффитсиент ба он 412 мешавад. Ба ибораи дигар, бали умумӣ бо дарназардошти коэффитсиент (шартан – БУК) ба ҳосили зарби бали бадастоварда аз қисми А (шартан – ББА) ба коэффитсиенти пешбинишуда (шартан – КП) баробар аст. Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 400 × 1,03 = 412.
Тибқи ҳисоби боло бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб (шартан – БК) 12 аст. Яъне:
БК = БУК ₋ ББА,
БК = 412 ₋ 400 = 12.

Агар ҳолати дар боло зикргардидаро, ки тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонист, бо дарназардошти тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ таҳлил намоем, низ бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб ба 12 мегардад. Яъне, агар довталаби мавриди назари мо аз 300 бали имконпазири ҳадди аксари қисми Б (имтиҳони ихтисос) 80 %-ашро ба даст оварда бошад, ки ин ба 240 баробар аст, бо дарназардошти коэффитсиенти муқарраршуда, ки тибқи тарҳи пешини маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ 1,05 аст, бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб боз ба 12 баробар мешавад.
Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 240 × 1,05 = 252,
БК = 252 ₋ 240 = 12.
Ҳамин тариқ, мувофиқати коэффитсиентҳо тибқи тарҳи пешини маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва тарҳи нав чунин аст:

Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи пешин): 1,05 / 1,1 / 1,15.
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи нав): 1,03 / 1,06 / 1,09.

Коэффитсиент ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи довталаб тибқи тартиби муқарраргардида баъди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супориданаш (танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисми мазкур холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб) илова карда мешавад.

Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, азбаски балҳои имтиёзии муқарраршуда аз бали коэффитсиент бештар аст, ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ илова карда мешавад.

Лозим ба қайд аст, ки коэффитсиентҳо ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси «Кори момодоягӣ»-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.

Довталабе, ки ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиент дорад, дар ҳолати аз ягон субтест холи гузаришро соҳиб нашуданаш, ин ҳуқуқро аз даст дода, дар озмуни тақсимот низ иштирок карда наметавонад.

Барои шиносоӣ ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод мегардад.

Источник

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *