садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (1878 — 1954) (порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти советии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997).

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт. Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст. Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холЧунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» – и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист. Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холБаъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад. Устод Садриддин Айнӣ соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст : 1.Таълим дар мактабҳои усули нав. 2.Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб- ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзиб-ус-сибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр шуд. Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби кӯҳна танҳо кӯр – кӯрона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд. Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд.

Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд. Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.

Суратхо-расмхои Садриддин Айни

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холХонаи С.Айни дар Бухоро

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Эҷодиёти устод

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холКитоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст. Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холНахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин « Марсия» – и ӯст. Ин асар ба муносибати фочиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам, Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам. Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам, Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам! Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод! Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод! Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо, Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод! Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир, Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои “Замзамаи дабистон”, “Суруди мактаб”, “Саҳаргоҳон” ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

Биёед, эй рафикон, дарс хонем, Ба бекорию нодонӣ намонем, Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Асарҳои бадеӣ

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холТадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст. Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст. Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст. Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холСоли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935-1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст. Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад.

Саҳми илмӣ

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холУстод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд. Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам, В-он нахл ба теғи хона пиростаам. Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо, Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холМақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.. [5]

Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо, Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Самарканд 1912 сол

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

Мукофоту ҷоизаҳо

Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Айнӣ

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Мероси адабӣ ва илмии устод

АДРЕС МУЗЕЯ С. АЙНИ В Г ДУШАНБЕ НА КАРТЕ

Адабиёт дар бораи Садриддин Айнӣ

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Ба забони тоҷикӣ:

Источник

Войдите в ОК

Садриддин Айни (1878-1954)

…Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айни бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

… Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Нахустин асари калони насрии Айни повести «Ҷаллодони Бухоро» дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести «Одина», «Гуломон», «Дохунда» дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айни, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести «Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд.

Мероси илми ва адабии устод

Садриддин Айни ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айни дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шохнома»- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷанди», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айни, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айни эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айни пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад.
Вале устод Айни эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айни, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Хазорон хамчу булбул дар бахоре мешавад пайдо,
Навосанче чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

Источник

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Смотреть картинку садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Картинка про садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол. Фото садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Айнӣ Садриддин Саидмуродзода 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро аз оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Айёми бачагиашро дар байни аҳли заҳматкаш — деҳқонон ва косибони деҳа мегузаронад. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилчасп ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмат, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ошно менамояд. Ҳангоми мактабхониаш, ҳарчанд дар саводомӯзӣ баҳрае набурда бошад ҳам, аввалин бор бо баъзе намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони назм шиносоӣ пайдо мекунад. Бо сабакҳои пандомӯзи падарм худ Саидмуродхоҷа, ки шахси маърифатдӯст ва мухлиси адабиёт буд, тарбият ёфта, аз хурдсоли дар дилаш нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббат мепарварад.

Пас аз вафоти падару модар, ба сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890 бо нияти таҳсил ба Бухоро меояд. Дар солҳои аввал ба сабаби муҳтоҷӣ ва тангдастӣ маҷбур мешавал. ки хизмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо намуда, дар вақтҳои фароғат дарсхонӣ кунад. Роҳ ёфтан ба мухити илмӣ ва адабии Бухоро, алоқа пайдо карда бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан шиносо шудан бо ақидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш. (1827-1897) дар инкишофи фикрии ӯ таьсири муфид мебахшад. Пас аз хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамъиятии худро ба мароми маорифпарварӣ марбут намуда, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳи таълиму тадрис ширкат мекунад. Ин иқдомоти ӯ дар натиҷаи алоқаманд гардидан бо ҳаракати ислоҳоталабонаи ҷадидӣ аз камбудиҳои ғоявӣ холӣ набуд» аммо бо вуҷуди ин дар ҳамон шароити истибдод ва таассуби динӣ як амалиёти мухолифи тартиботи аморат ба шумор мерафт.

Дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон таъкиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта, бисёр одамони тараққихоҳ аз Бухоро фирор мекунанд. С.Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанд вақт дар заводи пахта кор мекунад. Сипас ба тарафҳои Қарши, Самарқанд, Хуҷанд ва Фарғона сафар намуда, дар ҳама ҷо манзараҳои мудҳиши зулму истисмор ва аҳволи фоҷеи коргарону деҳқононро мушоҳида мекунад ва нафраташ ба сохти мавҷуда боз хам зиёдтар мегардад. Баъди баргаштан ба Бухоро дигар ба тарғиби мактаб ва маориф маҳдуд нашуда, беш аз пеш ба масъалаҳои сиёсӣ низ дахл менамояд. Моҳи апрели соли 1917, дар рӯзҳои ҳуҷуми қувваҳои иртиҷои, аз тарафи одамони амир дастгир шуда, бо 75 дарра дар сурати ваҳшиёна ҷазо мебинад. Ӯро дар ҳолати абгорӣ аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон меоваранд. Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта, 3 июни ҳамон сол ба Самарқанд меравад ва он ҷоро истиқоматгоҳи доимии худ интихоб мекунад. Инқилоби Октябрро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, аз рӯзҳои аввал ба хизмати он қамар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона иштирок менамояд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халк ва дар нахустин матбуоти инқилобии тоҷик ва ӯзбек кор мекунад. Баъд аз ташкил ёфтани Республикаи Советии Халқии Бухоро муддате дар консулхона ва баъд дар идораи тиҷоратии он дар Самарқанд хизмат мснамояд. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро адо мекунад.

Соли 1934 дар Анҷумани якуми Умумиттифоқии нависандагон иштирок намуда, узви раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб мешавад. Соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон мегардад. Соли 1948 шӯрои илмии Университети давлатии Ленинград ба вай унвони доктори илми филологӣ медиҳад. Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад.

Осори адабии у аз назм ва наср фароҳам омадааст. Нахустин шеърхҳояш бо тахаллусҳои «Мӯхтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ҳанӯз лар овони таҳсили мадраса гуфта шудаанд. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул карда, бо ҳамин ном дар адабиёт машҳур мегардад.- Шеърҳои мадрасавии вай дар пайравии шоирони гузашта ва муосир иншо шуда, бештар ба кайфият ва зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд буданд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш дар тазкира ва баёзҳои он замон дохил шудаанд. Баъдтар дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварии худ шеърҳои таълимӣ мегӯяд. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909-1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмак ва парвона» (1917) дорои аҳамияти тарбиявӣ ва иҷтимоӣ буда, аз беҳтарин асарҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёт ва эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори советӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд меоварад. Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи С.Айнӣ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилалӣ «Якуми Май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ӯ «Ахтари инқилоб» (Бухоро, 1923) дохил гардидааст.

Дар ин солҳо вай оид ба мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ бисёр мақолаҳои публитсистӣ навишта, моҳияти воқеаҳои ҳаррӯзаи давраи инқилобро ба омма фаҳмонда медиҳад. Тадриҷан ӯ зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани образи қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда ва дар адои ин вазифа насрро шакли мувофиқтар дониста, ба насрнависӣ мегузарад ва аввалин шуда, очерк, ҳикоя ва повесту романро ба адабиётамон татбиқ намуда, асосгузори насри реалистии тоҷик мегардад. Соли 1920 якумин повести худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, бо санаду далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷеаҳои рӯзҳои вопасини аморатро фош мекунад. Пас аз ин, повести дигари худ «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунонад. Соли 1927 тамоми повест бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида иашр мешавад. Дар ин асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст. Соли 1930 якумин романи нависанда «Дохунда» аз чоп мебарояд, ки лавҳаҳои зиндагонии пеш аз инқилоб, давраи он ва ҷангҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва сохтмони хости нав нишон медиҳад. Соли 1935 калонтарин романи С.Айнӣ «Ғуломон» нашр мегардад. Ин асарест, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманлонаи сотсиалистӣ расидани онхо нақл мекунад. С.Айнӣ ба воситаи ин повесту романҳои худ аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро қаҳрамони асосии адабиёт гардонд. Дар зарфи солҳои 1935-1940 боз якчанд асарҳои насрӣ, аз ҷумла повестҳои «Мактаби куҳна», «Марги судхӯр» ва «Ятим»-ро эҷод менамояд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила ҳикоя, очеркҳои таърихӣ ва мақолаҳои публитсистӣ таълиф намуда, қалби ватандӯстонаи тоҷикро ба ҷушу хурӯш меорад ва адолати онҳоро ба муқобили фашизм меафзояд. Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии С.Айнӣ «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳастии халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтааст. Ин асар, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ ва дар бар гирифтани хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигоришоти бадеӣ ва офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фақат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст. балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг мебошад. Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» ба гирифтани Мукофоти давлатӣ мушарраф мегардад. Дар давраи шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯиро тамоман тарк накарда, ҳар вақт дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Тоҷикистони сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх»> шеърҳои таблиғотӣ, қасида ва манзумаҳою достонҳои худро чоп мекунад. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун навиштаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935) ва «Ашъори мунтахаб» 11958) гирд оварда шудаанд. С.Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончи, доир ба таърих ду рисолаи калон—«Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (Москва, 1926) инчунин, якчанд мақола ва очеркҳои таҳқиқотӣ навиштааст. Мақолаҳои у доир ба масъалаҳои забоншиноси дар солҳои бистум барои демократӣ кунонидани забони адабии тоҷик ва инкишофи он роли муҳим бозидааст. Хизмати С.Айнӣ махсусан дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст. Адабиётшиносии советии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари тадқиқотии ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра ҳануз аҳамияти худро гум накардаанд. Осори адабӣ ва илмии С.Айнй дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст. С.Айнӣ як қисми асарҳояшро ба забонхои ӯзбеки таълиф ва тарҷима намуда, дар тараққиёти адабиёти советии ӯзбек низ саҳми худро гузоштааст. Муҳимтарини ин қабил асарҳояш дар маҷуаи шашҷилда ба забони ӯзбекӣ дар Тошканд нашр шудааст. С.Айнӣ дар нашри осори гузаштвгон дар тарҷима ва таҳрири асарҳои тарҷимавии нависандагони халқҳои бародар фаъолона иштирок намудааст. Тарҷимаи романи Ф. Дюшен «Қамар» (1927) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Аксарияти таълифоти С.Айнӣ, хусусан асарҳои калони насриаш ба забони қариб ҳамаи халқҳои мамлакатамон ва бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чандин бор нашр гардидаанд. С.Айнӣ узви Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Советии Халқии Бухоро (1923), узви КИМ РСС Тоҷикистон (1929), депутати Советии Олии СССР (1950-1954). депутати Советии Олии РСС Тоҷикистон (1947) ва борҳо депутати советии шаҳрии Душанбе ва Самарқанд интихоб шудааст. Узви раёсати Иттифоқи нависандагони СССР (1934), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1940) мебошад. Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш бо се ордени Ленин (1941), 1948. 1949), «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1953), ордени ҷумҳуриявии «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Советии Олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Дар солҳои 1935, 1949 ва 1953 ҷашни солгарди ҳаёт ва эҷодиёти ӯ бо тантана гузаронида мешавад. Аз соли 1958 ҳар сол дар рузи таваллуди нависанда маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо шуда, маводи он дар маҷмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мегардад. Бисёр деҳаю районҳо, кучаю хиёбонҳо, мактаб ва муассисаҳои маданию равшаннамой номи ӯро гирифтаанд. Дар шаҳри Душанбе осорхонаи адабии С.Айнӣ ва шаҳри Самарқанд (дар ҷои ҳавлии нависанда) осорхонаи ёдгории С.Айнӣ ташкил гардидаанд. Соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони аввалин Каҳрамони Тоҷикистон дода шудааст. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР қабул шудааст. 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот намуд. Рисола, мақолаҳои забонии С. Айнӣ 1.Сарфу наҳви забони тоҷикӣ «Овози тоҷик», 16 августи 1926 2.Китобҳои тоҷикӣ «Овози тоҷик», 30 июн ва 5 июли 1926, «Овози тоҷик», 27 июли 1926 6,9,17, 19 июни 1926 3. Дунёи нав ва алифбои нав, «Овози тоҷик», 5 сентбри 1927 4. Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ, «Раҳбари дониш», 1928, №4-5 5. Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ, «Раҳбари дониш», соли 1928, №10 6. Забони тоҷикӣ «Раҳбари дониш», 1928, №11-12 7.Ҷавоби ман, «Овози тоҷик», 7 феврали 1929. 8. Забони «Шоҳнома» 9. Муносибаи забони «Шоҳнома» ба забони тоҷикӣ, «Куллиёт» ҷ. 11, к.1. Душанбе, Нашриёти давлатии Тоҷикистон 1963. саҳ. 43-49 10. Забон, услуб ва санъати шеърии Бедил, «Куллиёт» ҷ.11, к. 2, Душанбе, Ирфон, 1964, саҳ. 105-114. 11.Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик – Шарқи Сурх, 1952, №6, саҳ. 3-8 12.Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон, «Куллиёт», ҷ. 9 Душанбе, Ирфон, 1969, саҳ, 200 13.Як-ду сухан аз тарафи тартибдиҳанда, 5 июли 1938, Самарқанд, «Куллиёт», ҷ.12, Душанбе, Ирфон. 1976, саҳ. 18-21. 14.Омӯзиши ман аз Максим Горкий «Куллиёт», ҷ. 9, Душанбе, Ирфон, 1976, саҳ. 238 15. Кори Тоҷикистон гул карданист 16. Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон 17. Ба муносибати эълони Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон «Куллиёт», ҷ. 9, Душанбе, Ирфон, 1976. саҳ. 214-220.

Источник

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *